Нархи нафти тамғаи Brent барои як баррел аз 48 доллари ИМА поён рафт

Шоми рӯзи сешанбе, 1 ноябр, нархи нафти тамғаи Brent то ҳадди минималии моҳи гузашта поён рафт. Аз моҳи сентябр инҷониб нархи «тиллои сиёҳ» бори нахуст то 48 доллар ба як бушка афтид.
Вале рӯзи чоршанбе, 2 ноябр соати 02:37 ба вақти душанбе нархи нафти тамғаи Brent 1,5 дарсад то 47.90 доллари ИМА ба як бушка поён рафт.
Ба гуфтаи коршиносон, сабаби чунин пастшавӣ маълумот оид ба афзоиш ёфтани истеҳсоли карбогидридҳо дар ИМА ва инчунин нигаронии сармоягузорон доир ба эҳтимолияти ба тавофуқ расидани кишварҳои тавлидкунандаи нафт ҷиҳати дар як ҳаҷм нигоҳ доштани истеҳсоли ашёи хом гардид.
Ёдовар мешавем, охири моҳи октябри соли равон дар шаҳри Вена ҷаласаи дурӯзаи кумитаи махсуси ОПЕК роҷеъ ба масъалаи дар амал татбиқ намудани созишнома оид ба маҳдудсозии истихроҷи «тиллои сиёҳ», ки дар Алҷазоир ба имзо расида буд, баргузор шуд. Интизор меравад ҷаласаи навбатӣ вобаста ба ин мавзӯъ рӯзҳои 25-26 ноябр доир шавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: