Намояндаи Тоҷикистон дар иҷлосияи Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамояд

21-22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии  Узбекистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини  давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  доир мегардад, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок менамояд.  

Дар кори иҷлосия, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, намояндагони ваколатдор ва коршиносони Шурои байниҳукуматӣ, сардорону масъулони соҳаи геологияи давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок менамоянд.

Зимни иҷлосия Раиси Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар солҳои 2021-2025» ва иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIV Шурои байниҳукуматӣ дар давраи раёсат (2022-2023), инчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштарак  ҳисобот медиҳад.

Дар назар аст, ки роҳбарони мақомоти геологияи ИДМ дар бораи ҷараёни иҷрои «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштироккунандаи ИДМ» ва қарори ҷаласаи Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳисобот хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи XXV Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини  давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 22-23 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд.

Tags: