Юрий Хачатуров аз 2 майи соли 2017 Котиби генералии СААД таъйин шуд. Дар ин бора «РИА Новости» бо такя ба иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералии СААД Валерий Семериков хабар дод.
«Зимни баррасии масъалаи таъйини Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қарор дар бораи аз 2 май таъйин намудани Хачатуров Юрий Григоревич якдилона қабул гардид», — гуфт Семериков пас аз мулоқоти ғайрирасии сарони давлатҳои аъзои СААД.
Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки сарони давлатҳо дар бораи бо нишони хизмати шоистаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, дараҷаи як, сарфароз гардонидани собиқ Котиби генералии СААД Николай Бордюжа қарор қабул карданд.
«Ҳамчунин зимни мулоқоти ғайрирасмӣ сарони давлатҳои аъзои СААД масоили вазъи ҳарбию сиёсӣ ва ҳарбию стратегиро дар минтақаи бар зиммаи созмонбуда баррасӣ карда, доир ба кори мо дар мубориза бар зидди таҳдидҳои амниятӣ як зумра супоришҳои иловагӣ қабул карданд», — афзуд Семериков.
АМИТ "Ховар"