Нақшаи даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби тамоми манбаъҳои воридот 95,5 фоиз таъмин гардид

Дар бораи дар сатҳи 95,5 фоиз таъмин  гардидани нақшаи даромади буҷети давлатӣ  дар шашмоҳаи  якуми соли равон  аз ҳисоби тамоми манбаъҳои воридот имрӯз зимни  нишасти матбуотӣ Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод. Вазир гуфт, ки ба буҷети давлатӣ  9,8 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин нисбат ба нақшаи  аниқшуда 462,3 миллион сомонӣ   кам мебошад.

Файзиддин Қаҳҳорзода  зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати молия ва вазъи молиявии мамлакат дар шароити пандемияи бемории COVID-19 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки  дар ин давра ба буҷети  давлатӣ аз ҳисоби  даромади ҷорӣ 7,7 миллиард сомонӣ, азхудкунии маблағҳои  лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 1146,1 миллион сомонӣ  ва аз ҳисоби  маблағҳои махсуси  ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 658,1 миллион сомонӣ  ворид гардидааст. Вазири молия афзуд, ки  иҷрои қисми  даромади  буҷети ҷумҳуриявӣ дар  сатҳи 9,3  фоизи   нақшаи аниқшуда таъмин шуда,  ба  буҷет 4,5 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки ҳаҷми воридоти   маблағҳо  нисбат ба нақша 331,4 миллион сомонӣ  кам мебошад. Ҳамзамон дар ин давра ба  буҷетҳои маҳаллӣ 2,7 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки он 98,0 фоизи  нақшаи аниқшудаи  даромадҳоро ташкил дода, ҳаҷми  воридоти маблағҳо  нисбат ба ба нақша 55,3 миллион  сомонӣ  ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162,3 миллион сомонӣ кам мебошад.

Файзиддин Қаҳҳорзода зикр кард, ки  сиёсати хароҷоти буҷети давлатӣ, қабл аз ҳама,  барои таъмини уҳдадориҳои   давлат дар самти  ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ, бахусус пардохти   музди меҳнати кормандони  муассисаю ташкилоти буҷетӣ, нафақа, пардохти идрорпулӣ, ҷубронпулӣ, кумакпулии иҷтимоӣ, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаю ташкилоти   соҳаи иҷтимоӣ ва амнияти  давлатӣ нигаронида шуда буд. Хароҷоти  маблағҳои буҷети давлатӣ дар доираи  иҷрои воқеии даромадҳои буҷетӣ  дар ин давра ба роҳ монда шуда,  ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҳисоби тамоми манбаъҳои  маблағгузорӣ 10,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Аз ҷумла,  ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии  давлатӣ  550,4 миллион сомонӣ, иҷтимоӣ 4,8 миллиард сомонӣ ва иқтисодиёт  3,1 миллиард сомонӣ  равона гардид. Ҳамзамон аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар ин давра  барои пардохти музди меҳнати  кормандони соҳаҳои буҷетӣ  2,7 миллиард сомонӣ, нафақа 1,3 миллиард сомонӣ, идрорпулӣ 32,2 миллион сомонӣ, ҷубропулию кумакпулиҳо  171 миллион сомонӣ, бахусус кумакҳои унвонии иҷтимоӣ 16,9 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.

Вазири молия таъкид кард, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон фаъолияти Вазорати молияи мамлакат  дар иртибот ба коҳиш додани  пайомадҳои  иҷтимоию иқтисодии  паҳншавии бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ, ҷалби маблағҳои иловагӣ  барои рушди соҳаҳои  иқтисодию иҷтимоӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», Қарору супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар иртибот ба татбиқи  чорабиниҳо дар самти  фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз, баҳисобгирии молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва хазинаи сарватҳои  давлатӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва сари вақт ба Буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ  ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ  нигаронида шуда буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: