Тавре қаблан хабар дода будем, аз сабаби боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам хатари тарма ва сангфароӣ боқӣ монда, дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ то ба ҳол вазъият хавфнок аст. Он ҷо шабонарӯзи гузашта аз километри 55-ум то 74-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ якчанд ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Барои тоза намудани роҳҳо аз ҷониби хадамоти роҳҳои Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамчунин ширкати роҳдории «Innovative Road Solutions» ҳашт адад техника ҷудо карда шуда, барои бартараф сохтани оқибати офатҳои табиӣ корҳо идома ёфта истодаанд. Ситодҳо оид ба бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода шабонарӯзӣ кор мекунанд.
«2 январ дар натиҷаи фаромадани тарма дар километрҳои 62 то 74-и роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ ба наҷотбахшони Кумитаи мазкур дар якҷоягӣ бо кормандони ширкати «Innovative Road Solutions» муяссар гардид, ки зимни корҳои наҷотдиҳӣ 3 корманди ширкати IRS-ро аз зери барф берун бароранд, ки ҳолати онҳо айни замон муътадил аст», — хабар доданд аз муассисаи наҷотдиҳӣ.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва кормандони хадамоти роҳдории Ширкати «Innovative Road Solutions» зиёда аз 100 ронанда ва мусофирро, ки байни тармаҳо дармонда буданд, ба ҷойи бехатар интиқол доданд. Онҳо аз ҷониби хадамоти нигоҳдории роҳи IRS, ки дар километри 72-юми роҳи нақлиётии Душанбе –Айнӣ ҷойгир аст, бо ғизо ва манзили муваққатӣ таъмин гардиданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки аз сафару саёҳат ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд. Зеро хатари фаромадани тарма ҳанӯз мавҷуд аст.
АМИТ «Ховар»