Сокинони ноҳияи Роштқалъа ҳадяи гаронарзиши Сарвари давлатро бо ҳисси қаноатмандиву хушҳолӣ қабул намуданд

Гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода ба сокинони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон»-ро тақдим намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд, зимни тақдим намудани ин асари гаронбаҳо, ки таърихи амиқи мардуми шарафманди тоҷикро бозгӯӣ мекунад, гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ҳайати намояндагон аз  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ширкат намуданд.

Тақдими китоби «Тоҷикон» бо мақсади омӯзиши таърихи халқи тоҷик аз номи Пешвои миллат ба ҳар хонаводаи мамлакат иқдоми шоистаи таҳсин мебошад.

Сокинони ноҳияи Роштқалъа бо ба даст овардани ин ҳадяи гаронарзиш бо ҳисси қаноатмандиву хушҳолӣ арзи сипосу садоқати хешро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи корӣ бо мардуми ноҳия доир ба масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи босамар ва оқилонаи заминҳои наздиҳавлигию ёрирасон, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, саҳмгузорӣ дар ободониву пешрафти диёр, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангии сарзамин мулоқот намуд.

Муовини Вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода ҳамчунин  дар ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ширкат намуда, ба як гурӯҳ омӯзгорон барои саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маориф нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илмро тақдим намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: