Мусобиқа барои дарёфти Шоҳҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар Данғара мегузарад

Рӯзи якшанбе, 27 ноябр дар «Кохи Малика»-и ноҳияи Данғара панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбои муҳорибавӣ барои Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ бо ширкати варзишгарони Тоҷикистон, Русия, Бразилия, Фаронса, Африқо, Афғонистон ва Чин баргузор мегардад.
Раиси Лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехтаи Ҷумҳурии Тоқикистон Аҳтам Хокиров гуфт: «Варзишгарони Тоҷикистон ба ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ тайёрии пухта дидаанд ва тӯли як моҳ онҳоро ба ин рақобатҳо мутахассиси хорватӣ Горан Бабич омода кардааст. Мо аз варзишгаронамон умеди калон дорем».
Дар мусобиқаи «супер-файт» варзишгари тоҷик Худойдод Раҳмонов бо варзишгари бразилиягӣ Маэсио Брандао Круз, ки аллакай ба Тоҷикистон омадааст, барои камарбанд қувва меозмояд ва ин бори аввал аст. Муин Ғафуров барои ба даст овардани Ҷоми Осиё вориди майдон мешавад.
Дар доираи ин мусобиқа тамошобинон зӯрозмоии 14 ҷуфти варзишгаронро тамошо хоҳанд кард.

АМИТ «Ховар»

Tags: