Муштзани маъруфи тоҷик Меҳрубон Сангинов бо унвони чемпиони ҷаҳон ва камарбанди WBB ба Ватан баргашт!

Муштзани маъруфи тоҷик Меҳрубон Сангинов баъд аз дарёфти унвони  чемпиони ҷаҳон аз ИМА бо камарбанди WBB ба Ватан баргашт. Ӯ, ки чанде пеш ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи равияи WBB (“World Boxing Board”)  дар бокси касбӣ мушарраф гардида буд, ба Ватан баргашт.

Истиқболи Меҳрубон Сангинов дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд,  Меҳрубон Сангинов дар мусобиқаи бокси касбӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ  ба унвони чемпиони ҷаҳон   оид ба бокси касбӣ дар вазни 76,2 кило аз рӯи равияи WBB  шарафёб гардид.

Ин қувваозмоӣ  22-юми июл дар шаҳри Шарлоттаи иёлати Каролинаи ИМА баргузор шуда буд.   Меҳрубон Сангинов дар раунди аввал бо нокаути фаннӣ рақибашро шикаст дод.

То ин мусобиқа варзишгари  амрикоӣ Мигел Котто соҳиби унвони  чемпиони ҷаҳон аз рӯи равияи WBB буд. Тавре Меҳрубон Сангинов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, дар ин ғалабаи ӯ  саҳми мураббиаш мутахассиси қазоқ Сагатбек Мӯсохонов ва   аввалин устодаш Парвиз Аҳмадов калон  аст.

Қобили зикр аст, ки ғалабаи Меҳрубон Сангинов аввалин чунин дастоварди бузург дар таърихи риштаи бокс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Тавре  Меҳрубон Сангинов иброз намуд, ӯ аз ин ба баъд низ талош хоҳад варзид, то ба натиҷаҳои аз ин ҳам баландтар дастёб гардад.

Tags: