Дирӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жениш Разаков доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории байни ду давлат, масъалаҳои сарҳадӣ ва наздисарҳадӣ, аз ҷумла, бастани Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ ва фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон атрофи раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ табодули назар намуданд.