Муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов ба Тоҷикистон меояд

Барои баргузории нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳайати намояндагии парлумони Ӯзбекистон 20 сентябр ба Душанбе меояд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» София ШОИК иттилоъ дод.

Чунин мулоқот бори аввал дар ҳайати нави парлумони нав интихобшуда баргузор мегардад.

Ҳайати Ӯзбекистонро, ки ба ҳайати он намояндагони ҳарду палатаи парлумони ин кишвар шомиланд, муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов сарварӣ мекунад.

Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ӯзбекистонро муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ сарварӣ мекунад.
Дар Душанбе мулоқотҳои ҳайати парлумонии Ӯзбакистон бо палатаи Парлумони Тоҷикистон 21 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Ҳайати Ӯзбекистон дар доираи ин сафар ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, аз шаҳри Турсунзода дидан менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: