Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ бахшида ба дӯстии халқҳои Чин ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд

ТВТ.28.09.2022. 27-уми сентябр дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба дӯстии халқҳои Чин ва Осиёи Марказӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ тариқи реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки сиғаи Осиёи Марказӣ-Чин дар муддати кӯтоҳи фаъолият ба натиҷаҳои намоён ноил гардид. Дар баробари дигар механизмҳои доимии якхела 25 январи имсол нишасти нахустини таърихии сарони давлатҳои иштирокчии муколамаи «Осиёи Марказӣ ва Чин» дар реҷаи фосилавӣ муваффақона баргузор гардид.

Мавсуф ҳамчунин таъкид намуд, ки таҳкими дӯстии анъанавӣ ва дастгирии ҳамдигар, рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати тавсеаи тиҷорат ва афзоиши ҳаҷми муомилоти мол, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷалби фаъолонаи сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии мутақобилан судманди минтақавӣ, аз ҷумла дар заминаи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” аз вазифаҳои асосии сиғаи Осиёи Марказӣ -Чин мебошанд.

«Мо бар ин назарем, ки ҳамкории ҷонибҳоро дар самти тағйири иқлим фаъол созем ва таъсири манфии пайомадҳои онро ба иқтисоди кишварҳои минтақа рафъ созем»,–гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Зикр шуд, ки дар оғози соли равон Тоҷикистон ва Чин 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатиро таҷлил карданд, ки дар ин ҳама хизмати Сарони ду давлат, ки имрӯз шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин бо сарварии онҳо бомуваффақият рушд мекунад, бузург аст.

Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи амният, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, сепаратизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба натиҷаҳои судманд ноил гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур дар пасманзари 30-юмин солгарди барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин доир гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар

Tags: