Муносибати бераҳмона нисбати хурдсолон беҷазо намемонад!

Баъди тавассути алоқаи "Хабарнигори фаврӣ"-и ВКД ба милитсия дастрас гардидани наворҳо оиди латукуб ва азият шудани ду кӯдак аз ҷониби нафари шахсияташ номаълум, ки аз рӯи лаҳни гуфтугӯ ба мардуми минтақаи Суғд шабоҳат дошт, мақомоти милитсия бо мақсади пешгирӣ аз ин ҳолати номатлуб, ки воқеъан дар хатар будани ҳаёту саломатии кӯдаконро инъикос мекард, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, шахсияти иҷрокунандаи ҳаракатҳои бераҳмона ва муаллифи наворро ошкор сохт. Ӯ шаҳрванд Иномзода Фирдавс Аббос, соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, падари ду фарзанд аст, ки дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 117 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда (азобу укубат) гумонбар дониста мешавад. Бо усули зуроварӣ ва истифодаи олоти ҷароҳатрасонанда гумонбаршаванда бо кӯдакони хурдсоли худ Илҳомҷони 7 сола ва Сумаяи 6 сола муносибати бераҳмона намуда, онҳоро мавриди лату кӯб қарор додааст. Дар ҳоле, ки баръало ноболиғу нотавон будани кӯдакон барои ӯ аён буд ва аз ҷиҳати моддӣ вобастагӣ доштанд.
Оиди шахсияти гумонбаршуда Фирдавс Иномзода гуфтан ҷоиз аст, ки қаблан соли 2017 барои ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ суд шудааст.
Пайдо шудани наворҳои истиробангез дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нафрат ва нороҳатии шадидро байни ҷомеа бавуҷуд овард. Тавре милитсия муайян намуд кӯдакон қурбонии муносибатҳои носолими оиладорӣ гаштанд. Падару модари онҳо дар ҳолати номуросоӣ зиндагӣ дошта, модар дар муҳоҷират қарор дорад. Гумонбаршуда Фирдавс Иномзода тавре нишондод медиҳад, барои бекор кардани ақди никоҳ ин усули ҳассосу таъсиррасонандаро, ки ҷиноят аст истифода кардааст. Ҳамзамон гумонбаршуда, гирифтани маблағ аз ҳамсари муҳоҷири худро тасдиқ мекунад, ки гӯё барои тарбияи фарзандон истифода карда бошад.

556

555

Воқеан хурдсолон, ки дар доираи парвандаи ҷиноятӣ ҷабрдида эътироф шудаанд ба кӯдакони аз таъминоти моддӣ ва тарбия бебаҳра монандӣ надоранд. Ба фарзияи тафтишот номуросоӣ байни падару модари онҳо ва навори дар интернет паҳнгашта кӯдаконро дар чашми мардум азиятдида ва муҳтоҷи ғамхорию парасторӣ нишон медиҳад.
Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд рафти тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судии ҳодисаи ҷиноятиро пайгирӣ хоҳад кард.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Tags: