Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

13 декабри соли равон дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулқӣ баргузор гардид.

ҷонибҳо натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, ки рӯзҳои 9-11 декабри соли равон сурат гирифт, баланд арзёбӣ намуда, оид ба механизмҳои пайгирии саривақтии тавофуқоте, ки зимни сафари мазкур ҳосил шуданд, ибрози андеша карданд.

Пешниҳод гардид, ки дар партави дастуру нишондодҳои роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Урдун миёни вазорату ниҳодҳои дахлдори ду кишвар тамосҳои бештар ба роҳ монда шуда, ҷиҳати роҳандозии ҳамкории судманд дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноат, илму маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои авлавиятнок  иқдомоти амалии мушаххас бардошта шавад.

Инчунин зимни мулоқот оид ба қазияҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак  табодули афкор сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Урдун Сироҷидин Аслов ва Айман Сафадӣ ҳузур доштанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: