Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, дастовардҳои меҳнатии кишоварзон ва ифтитоҳи иншооти муҳим бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эҳсоси баланди худшиносию худогоҳии шаҳрвандон, ҷонибдории амиқи онҳо аз сиёсати созандаи ҳукумати кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ба онҳо азму иродаи қавӣ орзу намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросонро натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба хотири рушду пешрафти ин минтақаҳои мамлакат аз ҳисоби буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо гардид.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар даҳ соли охир ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 620 миллион сомонӣ равона гардидааст. Дар 15 соли охир дар ноҳия барои сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, барқарорсозии иншооти обрасонӣ ва обёрии заминҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди деҳот 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 35 миллион сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳукумати мамлакат ба нақша гирифтааст, ки дар се соли оянда барои таъмин кардани тараққиёти ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ 270 миллион сомонӣ ҷудо намояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи нигоҳдорӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои рушд, ободонии деҳот, маҳалҳои аҳолинишин, ҳолат ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъсиси коргоҳҳои нав ва таъмини аҳолӣ бо шуғл ҷалб намуда, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо ва бартараф кардани дигар мушкилоту монеаҳо дар ин самт ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд.
Президенти мамлакат дар идомаи суханронӣ вобаста ба рушди ноҳияи Хуросон таъкид доштанд, ки дар даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёту пешрафти он беш аз 340 миллион сомонӣ равона карда шуда, ба ин мақсад дар се соли оянда зиёда аз 153 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта ҳоло Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 амалӣ шуда истодааст, ки 119 лоиҳаро ба маблағи умумии 210 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар тӯли 15 соли охир дар ноҳия барои таъмин намудани фаъолияти устувори соҳаҳои маорифу кишоварзӣ, идоракунии захираҳои об ва рушди деҳот 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ татбиқ гардида, амалисозии боз 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 17 миллион сомонӣ идома дорад. Татбиқи қисми асосии лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе — Қӯрғонтеппа” дар ҳудуди ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ сурат мегирад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми қариб 900 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дастур доданд, ки якҷо бо соҳибкорони бонангу номус ба хотири ободии маркази ноҳия ҷаҳду талош намоянд ва онро боз ҳам дилкашу зебо гардонанд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани хонаву манзили зист ва хиёбону роҳу маҳаллаҳоро боз ҳам вусъат бахшида, ҷашни пурифтихору муқаддаси истиқлолияти давлатиро бо дастовезҳои шоиста истиқбол менамоянд.
Зимни суханронии хеш сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон ҷонибдории худро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат иброз дошта, ба Президент ва Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини зиндагии шоиста изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.