10 ноябр бо ибтикори ҷониби кореӣ ба манзури омодагӣ ба Форуми 13-уми ҳамкории Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 25 ноябри 2020 дар Сеул дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор хоҳад гардид, мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея дар масъалаҳои сиёсӣ Ким Ган дар шакли видеоконфронс барпо шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар абзори ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад. Зикр шуд, ки Тоҷикистон Форумро ҳамчун як василаи муҳими рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад.
Ҷонибҳо ҳамчунин тавсеаи ҳамкории минтақавиро дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, стандартизатсия ва ҳифзи муҳити зист, ки мавзӯъҳои асосии ҷаласаҳои маҷозии Форуми навбатӣ мебошанд, баррасӣ намуда, роҷеъ ба лоиҳаи Нақшаи кории Котиботи Форум барои соли 2021 изҳори назар карданд.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар чаҳорчӯби сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар форматҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуданд.
Дар ин росто, ҷонибҳо ба аҳамияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати корӣ таъкид карданд.
Инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»