Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Соҳиба Ғаффорова

ТВТ.12.09.2022. 12-уми сентябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова ва ҳайати парлумонии ин кишвар, ки  ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд мулоқот намуд. 

       Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавариди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд. 

        Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дорои як идда муштаркоти фарҳангиву таърихӣ ва мазҳабӣ мебошанд ва ин муштаракот метавонад заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкориҳои дигар соҳаҳо ба вуҷуд орад.

Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон таъкид карданд, ки фаъолият доштани гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду кишвар заминаи хуберо барои таҳкими ин муносибот ба вуҷуд меорад.

 Боздиди ҳайатҳои парлумонии ду кишвар аз мамлакатҳои ҳамдигар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалидошта кӯмак хоҳад кард.

То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон санадҳои зиёди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд ва имзои ин санадҳо фазои ҳамкориҳои гуногунсоҳаро байни ҷумҳуриҳои мо боз ҳам беҳтар хоҳанд кард. 

Манбаъ: parlament.tj

Tags: