Дар Хадамоти гумрук оид ба баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон мулоқот доир гардид

10 апрел дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук доир гардид.

Тавре аз Хадамоти гумрук хабар доданд, муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода иброз дошт, ки дар ҳақиқат мавқеъ ва нақши зани тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа хеле калон аст ва ҳар як зани тоҷик метавонад барои баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон саҳми босазои худро гузорад.

Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бобати баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, омода намудани онҳо ба оиладорӣ, одоби муошират, нақши онҳо дар ҳамдигарфаҳмии аҳли хонадон, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, маърифати либоспӯшӣ ва якчанд масъалаҳое, ки дар ҳаёти ҳар як зан ва оила хеле муҳим аст, изҳори андеша намуд.

АМИТ "Ховар"

Tags: