Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ дар соли 2017: 8 даста дар се марҳала бозиҳоро барпо мекунанд

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ бо ширкатии 8 даста дар се марҳала баргузор мешавад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар ҷаласаи мақомот ва роҳбарони клубҳои футболи Лигаи олӣ масъалаи ба тарз ва шакли нав гузаронидани мусобиқа дар соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
«Талаботи футболи байналмилалӣ, ки литсензиякунонии дастаҳои футболро ҳатмӣ мешуморад, зери қонунҳои худ ҳама федератсияҳоро сарҷамъ кардааст. Дар мавсими соли 2017 дар мамлакати мо низ дастаҳое ба Чемпионати Тоҷикистон роҳ дода мешаванд, ки ба талаботи ин ниҳод ҷавобгӯ ҳастанд»,-хабар дод манбаъ.
То кунун дар Тоҷикистон танҳо се-чор дастаи футболро номбар кардан мумкин аст, ки ба ин меъёрҳо ҷавобгӯ ҳастанд. Дастаҳои боқимонда, ки шумораашон дар Лигаи олӣ то ба имрӯз ба 11 адад мерасад, барои ноил шудан ба литсензияи иштирок дар Чемпионати Тоҷикистон бо ҳам мубориза хоҳанд бурд.
«Футбол дар мавсими нав аз баргузории вохӯрӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор 25 феврал оғоз мегардад. Бозиҳо дар Лигаи олӣ тибқи тақвим аз 1 март шурӯъ хоҳанд шуд»,-омадааст дар иттилоияи ФФТ.

АМИТ «Ховар»

Tags: