Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷрокунандаи вазифаи Президент — Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хван Гё Ан

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷрокунандаи вазифаи Президент — Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хван Гё Ан ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иҷрокунандаи вазифаи Президент — Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хван Гё Ан барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бароям фурсати фараҳбахшеро фароҳам овардааст, то ба Шумо  табрикоту таманниёти неки хешро ирсол намоям.

Чоряк аср қабл, 27 апрели соли 1992 кишварҳои мо муносибатҳои байнидавлатиашонро дар шакли сифатан нав ҳусни оғоз бахшиданд.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра ҳамшарикии кишварҳои мо  арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.

Ҷониби Тоҷикистон хоҳони таҳкими ин раванд мебошад ва бо мақсади фароҳам овардани заминаи бештари мусоид барои тавсеаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни ду кишвар омода аст, ки дар оянда низ кӯшишҳои пайваста ба харҷ диҳад.

Бо таҷдиди  шодбошҳои хеш  ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу  саодатмандӣ  ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея  пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

Дар барқияи табрикии Иҷрокунандаи вазифаи Президент — Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хван Гё Ан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Аз он хушнудам, ки Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд.

Кишварҳои мо пас аз истиқрори  робитаҳои дипломатиашон муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳояшонро дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ ҳамаҷониба равнақ доданд. Бахусус онро таъкид карданиам, ки дар чорчӯби сафари Шумо ба Ҷумҳурии Корея дар моҳи апрели соли 2015 ҷонибҳо Созишнома дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву техникиро ба имзо расонида, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ба фаъолият шурӯъ кард, ки заминаи хуби тавсеаи ҳамкории воқеиро миёни кишварҳои мо фароҳам меорад.

Итминон дорам, ки бар ин асос ва дар такя ба муқаррароти ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву техникӣ мо метавонем муносибатҳои мутақобилан судмандамонро дар соҳаҳои мухталиф давомнок густариш диҳем.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар партави 25-солагии робитаҳои дипломатӣ  ва  80-солагии муҳоҷират кардани кореягиҳо ба Осиёи Марказӣ, ки ҳамчунин ба соли равон рост меояд, мо дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳоямонро ба манзури пешрафти муштарак тақвияти бештар хоҳем бахшид. Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комил ва ба кишвари Шумо шукуфоии беандоза орзумандам».

Tags: