Моҳпайкар, Абру, Фаррухзод, Бобуна, Гуласал, Дилошӯб… ба «Феҳристи номҳои миллӣ» ворид карда мешаванду Изабелла, Сензора, Имран, Бобур…не

Комиссияи номгузории назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2020 217 номи тозаэҷодро барои номгузорӣ  ба фарзандон дастгирӣ намуд. Дар давраи ҳисоботӣ 223 номи ғайримеъёрии пешниҳодшуда аз ҷониби комиссия бинобар сабабҳои ҷавобгӯ набудан ба  меъёрҳои забони тоҷикӣ, мувофиқат накардан ба фарҳангу суннатҳои номгузорӣ ва надоштани собиқаи таърихӣ рад карда шуд. Аз ҷумла, номҳои Изабелла, Сензора, Имран, Бобур, Қамчинбек, Шамил, Наина, Шунқор, Чарос, Сунаввар ва ғайраҳоро комиссияи номгузорӣ барои ворид кардан ба феҳрист иҷозат надод.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода иттилоъ дод.

«Моҳпайкар, Фаррухзод, Абру, Бобуна, Гуласал, Дилошӯб, Моҳистон, Зебосанам ва Исоназар аз ҷумлаи номҳое мебошанд, ки Кумита барои ворид кардани онҳо ба «Феҳристи номҳои миллӣ» тавсия дод. Он номҳое, ки дар «Феҳристи номҳои миллӣ» нестанд ва номҳои тозаэҷоду хушоянде, ки дар осори гузаштагони мо ҳастанду нав ба нав дар доираи вожасозии забони тоҷикӣ эҷод мешаванд, минбаъд дар мувофиқа бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба феҳристи мазкур илова гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

Дар маҷмӯъ, баъди нашри феҳрист зиёда аз 1500 ном, ки аз ҷониби  шаҳрвандон пешниҳод шудаанд, бо хулосаи Комиссияи номгузорӣ дастгирӣ ёфтанд.

Кумита дар ин давра ба 470 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод намуд, ки ин нисбат ба  шашмоҳаи аввали соли 2019 12,3 % зиёд мебошад.

Дар 6 моҳи соли 2020 ба 25 муассиса барои номгузорӣ, аз ҷумла, ба номгузории 5 муассисаи таълимӣ ва 20 номи ташкилоту муассисаҳо аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хулоса пешниҳод гардидааст, ки дар муқоиса ба шашмоҳаи аввали соли 2019 30,6% зиёд аст.

Кумита дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи корӣ оид ба номҳои мавзеъҳои ҷуғрофӣ зиёда аз 2117 номи маҳалҳои ғайримеъёрии аҳолинишин ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ, аз ҷумла, аз ВМКБ 151 адад, аз вилояти Суғд  328 адад, аз вилояти Хатлон 939 адад ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 699 ададро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, барои тағйир ва мутобиқ намудан ба суннати номгузории миллӣ ва меъёрҳои забони тоҷикӣ хулосаи худро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ Кумита мутобиқи дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 1070 номи ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хулоса пешниҳод намуд, ки аз ин шумора 900 номи маҳалҳои аҳолинишин дастгирӣ ва 170 адади онҳо рад карда шудааст.

Аз ҷониби Кумита, инчунин ба 801 номи ғайримеъёрии объектҳои ҷуғрофӣ, аз ҷумла, чарогоҳҳо, мавзеъҳо, дараҳо, дарёҳо, чашмаҳо, кӯлҳо, ағбаҳо ва шохобу каналҳо тавзеҳнома таҳия шуда, ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гарддид. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин мавзеъҳои ҷуғрофӣ аз ҷониби ин мақомоти ваколатдор таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: