Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди роҳи кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов шиносоӣ пайдо намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки таъмиру таҷдиди роҳҳои мазкур аз ҳисоби даромадҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» дар доираи дастуру ҳидояти Пешвои миллат сурат гирифта, феълан корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳо дар ин самт ҳанӯз ду моҳ қабл оғоз ёфта буд ва то рӯзи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба сомон расонида мешаванд. То ин дам дар 4 роҳрави кӯчаҳои мазкур корҳо пурра анҷом ёфта, боз 15 роҳрави дигар барои асфалтпӯш намудан омода карда шудаанд. Иброз гардид, ки дар маҷмӯъ дар баробари роҳҳои асосӣ, ҳамчунин 50 роҳрави дигар, ки ба кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шомиланд, мавриди таъмиру таҷдид қарор мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Душанбе ва намояндагони тоҷирони кишвар чанд тан аз соҳибкорони ватанӣ иқдом гирифтанд, ки дар сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе саҳми арзанда мегузоранд.
Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкор Қурбонмурод Неъматзода роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди Роҳи тоҷик 40 километр роҳҳои пойтахт навсозӣ карда мешаванд. Аз ин дар соли 2017 — 20 километр ва 20 километри дигари он соли 2018 бунёд мегардад.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст 70 километр роҳҳои пойтахти кишвар бо риояи тамоми талаботи роҳсозӣ бунёд мегарданд.
Дар кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 21 километр роҳ таъмиру таҷдид гардида, бо назардошти муосиртарин талаботи роҳсозӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Ҳамчунин дар доираи ин тарҳ асфалтпӯш намудани роҳҳои пиёдагард, ивазкунии иншооти обпартову обгузар, чароғонкунии роҳ ва гулзоркунии шафати роҳҳо дар назар дошта шудааст, ки дар муҳлати муқарраргардида ба сомон расонида мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиён таваҷҷуҳи онҳоро ба анҷоми босифати корҳо ҷалб карда, масъулинро вазифадор намуданд, ки назорати сифати иҷрои корҳоро ҷиддӣ ба роҳ монанд.