«Мо навоварони асри ХХI» дар Озмуни байналмилалии «Робототехника» Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд

Аз 24 то 27 октябр дар Маҷмааи «Кока-кола арена»- и шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Озмуни байналмилалии «Робототехника» доир мегардад.

Дар озмуни мазкур бо дастгирии Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи ихтироъкорон ва навоварони вилояти Суғд-ғолибони Озмуни байналмилалии «Мо навоварони асри ХХI» иштирок менамоянд. Дар ин бора аз Раёсати маориф ва илми  вилояти Суғд  хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Озмуни байналмилалии «Робототехника» аз ҷониби созмони бонуфузи амрикоии «First globall challange-2019» баргузор гардида, дар он иштироки беш аз 190  кишвари олам дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ дар самти техника ва навоварӣ даъват шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: