Миёни Тоҷикистон ва Россия Созишнома оид ба системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ ба имзо расид

Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) мулоқоти дуҷонибаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва вазири мудофиаи Россия, генерали артиш Сергей Шойгу сурат гирифт.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни ду кишвар дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ карда шуданд.

Сипас маросими имзои “Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ташкили системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ” сурат гирифт. Созишномаро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва вазири мудофиаи Федератсияи Россия, генерали артиш Сергей Шойгу ба имзо расониданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: