Минбаъд дар як ҳафта дар масири Душанбе-Дубай ва Душанбе-Истанбул чор парвоз сурат мегирад

Минбаъд дар як ҳафта дар масири Душанбе-Дубай ва Душанбе-Истанбул чор парвоз сурат мегирад. Дар  самти Душанбе-Дубай, ду парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ду парвоз аз сӯи ширкати ҳавопаймоии Аморати Муттаҳидаи Араб «Fly Dubai» анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон аз чор парвоз дар масири Душанбе-Истанбул, ду парвоз  аз сӯи ширкати  «Сомон Эйр» ва ду парвози дигар  аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Туркия «Turkish Airlines» сурат мегирад. Директори  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар суҳбат бо хабарнигори  АМИТ «Ховар»  зикр кард, ки  «мақомоти авиатсионии Тоҷикистон теъдоди парвозҳои ҳавопаймоҳоро дар масири Душанбе-Дубай /Аморати Муттаҳидаи Араб/ ва Душанбе-Истанбул /Туркия/ афзоиш додааст. Ин тасмим дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо бемории COVID-19 гирифта шудааст».

Бо дахли барқарор намудани  парвозҳо ба самти Ӯзбекистон, Чин ва Россия Икром Субҳонзода афзуд, ки мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи  авиатсионии кишварҳои зикршуда, бо мақсади барқарор намудани парвозҳои мунтазам гуфтушунидҳоро идома дода,  интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ба мувофиқа расанд.

Алҳол аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Россия аз ҷониби ширкати ҳавопаймои «Сомон Эйр» дар як рӯз чор — панҷ парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд. Инчунин мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Россия ба Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия, назири «Ют Эйр», «Урал», «Северный ветер» /Nordvind Airlines/ ва «Сибирь» иҷозат додааст.

Бояд гуфт, ки масъалаи азсаргирии парвозҳои мунтазам бо Чин, Россия ва Ӯзбекистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: