Шурӯъ аз 1 сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 8:00 оғоз меёбанд. Дар аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин қарор дирӯз дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соати 8:00 оғоз намудани машғулиятҳои басти якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе» қабул гардид, ки дар асоси он минбаъд реҷаи дарсӣ ба ҳолати муқаррарӣ баргардонида шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе дарсҳо соати 8:00 шурўъ мегарданд.
Инчунин зикр гардид, ки бо назардошти камшавии танбашавии нақлиёти автомобилӣ ва муътадил гардидани ҳаракати нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе машғулиятҳои басти якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе аз соати 8:00 оғоз карда мешаванд. Бояд гуфт, ки машғулиятҳои басти дуюм дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе тибқи реҷаи тасдиқгардида бетағйир боқӣ мондаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки як сол қабл бо пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 7:30 оғоз меёфтанд.
АМИТ "Ховар"