Пас аз ҷамъбасти соли 2017 Федератсияи байналмилалии самбо дар сомонааш раддабандии самбочиёни маъруфи ҷаҳонро нашр намуд. Дар он варзишгари тоҷик Беҳруз Хоҷазода дар вазни то 74 кг мақоми дуюмро ишғол намудааст.
Ҳамчунин дар ин раддабандӣ номи варзишгарони дигари тоҷик, ки ба самбо машғуланд, зикр шудааст. Тибқи ин раддабандӣ Мубориз Мунавваров бо 1120 имтиёз мақоми панҷум ва Ҳамроз Раҷабов бо 550 имтиёз мақоми 16-умро ишғол намудаанд.
Дар вазни 52 килограмм Ҳасан Ҷомӣ бо 940 имтиёз мақоми шашум ва Хуршед Шоимов бо 80 имтиёз мақоми 48-умро сазовор гардидаанд.
Ҳамчунин дар вазни 57 кг Акмалиддин Каримов бо гирифтани 2100 имтиёз сазовори ҷои аввал шуда, Акмал Давлатов ва Суҳроб Исматов бо 40-имтиёзӣ мақоми 93-юмро гирифтаанд.
Тавре аз Раёсати варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сол то сол варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаанд.
13 ноябри соли 2017 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини самбо баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгари тоҷик Беҳруз Хоҷазода дар вазни 74 кг бо гирифтани медали тиллоӣ чемпиони ҷаҳон шуд, ки ин нишондод дар намуди варзиши самбо қуллаи баландтарин ба шумор меравад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои сатҳи осиёиву ҷаҳонӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоён ишғол менамоянд, ки ба ифтихорашон парчами Тоҷикистон парафшон ва суруди миллӣ садо медиҳад.
Соли 2017 варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 425 медал ворид намуданд, ки аз он 121 адад медали тилло, 116-то нуқра ва 188 адад медали биринҷӣ мебошанд. Натиҷаҳои ба дастовардаи варзишгарон соли гузашта хеле назаррас буда, нисбат ба соли 2016 177 медал зиёд мебошад.
АМИТ "Ховар"