Дирӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Зимни ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки дар ҳамаи давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии калон дорад.
«Дар ин роҳи пуршараф, ки масири ҳимояи нангу номус ва шаъну шараф буд, ҷавонмардони мақомоти милитсия сина сипар намуданд. Кормандони милитсия дар таъмини суботи ҷомеа, пешгирӣ аз суиқасдҳои хоинона ва кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ пайваста мардонагӣ нишон додаанд»,-гуфт Д. Гулмаҳмадзода.
Дар хатми ҷамъомад аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба 5 нафар кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон «Ифтихорнома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ба 10 нафар «Сипоснома» ва ба 116 нафар оилаҳои кормандоне, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, собиқадорон ва кормандоне, ки ҳангоми хизмат маъюб гардидаанд, кумакпулии якдафъаина тақдим гардид.
АМИТ "Ховар"