"Телевизиони Тоҷикистон" дар ҳамкорӣ бо "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" бо мақсади дарёфти хонандаи беҳтарини асарҳои бадеӣ ва ба ин васила ҷалби аҳли ҷомеа ба китобхонию китобдӯстӣ лоиҳа-озмуни ҷадиди телевизиониеро таҳти унвони "Ирфон" баргузор менамояд.
Дар озмун нафарони аз 15 сола боло, ки шумораи зиёди асарҳои бадеӣ мутолиа кардаанд, муҳтаво ва маънии онро дарк намуда, нутқи бурро ва ҷаҳонбинии васеъ доранд, имконияти иштирок намуданро доранд.
Лоиҳа-озмуни телевизионии "Ирфон" дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолиб бо шоҳҷоиза-"Китоби тиллоӣ" сарфароз хоҳад шуд.
Тамос: 93-55-66-773