Маоши ҳадди ақал дар Россия:115,7 ҳазор рубл

Маоши ҳадди ақали мансабдорони давлатии Россия дар соли 2016 дар як бор ба 115,7 ҳазор рубл баробар будааст.

Дар ин хусус сомонаи расмии Хадамоти омори давлатии Россия бо пахши як маълумотнома хабар додааст.
Гуфта мешавад, ин нишондод дар муқоиса ба соли 2015 4 фисад боло рафтааст.

“Аз ҳама маоши баланди ҳадди ақали хизматчии дастгоҳи ҳукумати ФР 228,48 ҳазор рубл аст, ки соли қаблӣ он 1,4 фоиз баланд буд. Маоши миёнаи кормандони маъмурияти президент 0,7 фоиз боло рафта ба 218,65 ҳазор рубл расидааст”, - омадааст дар маълумотнома.

Гуфта мешавад, кормандони Палатаи ҳисобро маоши ҳадди ақалашон 180,7 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Маоши миёнаи аъзои Шӯрои Федератсия бошад дар соли 2016 ба 176,15 ҳазор рубл, вакилони Думаи давлатӣ ба 154,85 ҳазор рубл баробар будааст. Маоши аз ҳама баланд миёни вазоратҳоро кормандони ВКХ мегирифтаанд, ки он 147,2 ҳазор рубл дониста мешавад.

Чанде пеш Хадамоти омор эълон карда буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2016 маоши миёнаи кормандони мақомоти федералӣ ба 99,9 ҳазор рубл баробар аст.

Tags: