«Ман писари Ватанам!» — озмуни расми беҳтарин дар ноҳияи Деваштич

Дар муассисаҳои таълимии томактабии №1, 2 ва 3-и ноҳияи Деваштич бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни расми беҳтарин таҳти унвони «Ман писари Ватанам!» байни кӯдакон баргузор гардид. Дар ин бора аз бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ташкили озмун метавонад баҳри таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани кӯдакон мусоидат намояд.
Дар озмуни расмкашӣ ҳамаи кӯдакон рамзҳои давлатӣ, парчаму нишон, манзараҳои зебову гуногун, расмҳои ба Артиши миллӣ хосро аз нигоҳи кӯдакона тасвир карданд.

Tags: