Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода ҷиҳати иштирок дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсози Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ҷаласаи мазкур муовини аввали Вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳмон Аламшозода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду инкишофи ҳамкории дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳо ибрози андеша намуданд.
«Ҳамчунин ҷиҳати табодули таҷриба, мубодилаи иттилоот ва пурзӯр намудани ҳамкории дуҷониба як зумра таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд»,-зикр намуд манбаъ.
АМИТ «Ховар»