Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон бо 106 кишвари ҷаҳон амалиёти содиротию воридотӣ ба анҷом расонидааст ва дар ин давра гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ ба 2 миллиарду 144,9 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,9 миллион доллар ё 2,4 фоиз зиёд мебошад.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки аз ҳаҷми умумии гардиши мол 1 миллиарду 504,2 миллион доллар ба воридот ва 640,7 миллион доллар ба содирот рост омада, мутаносибан воридот ба маблағи 51,5 миллион доллари амрикоӣ ё ба андозаи 3,3 фоиз коҳиш ёфта, содирот ба маблағи 102,6 миллион доллари амрикоӣ ё 19,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот ба 70,1 фоиз ва содирот ба 29,9 фоиз баробар мебошад.
Дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро маъданҳо ва консентратҳо 14,1 фоиз ё ин, ки 90,2 миллион доллар, алюминий 12,1 фоиз ё ин, ки 77,6 миллион доллар, нахи пахта 7,2 фоиз ё ин, ки 46,3 миллион доллар, тилло 4,7 фоиз ё ин, ки 30,4 миллион доллар, семент 4,3 фоиз ё ин ки 27,3 миллион доллар, ресмони пахтагӣ 2,5 фоиз ё ин ки 16,3 миллион доллар, сурма 2,1 фоиз ё 13,5 миллион доллар, маҳсулоти меваю сабзавот 2,0 фоиз ё ин, ки 12,7 миллион доллар, шарбатҳо ва шираи растаниҳо 0,5 фоиз ё ин, ки 2,9 миллион доллар ва маҳсулоти тамоку 0,3 фоиз ё 2,1 миллион доллар ташкил медиҳанд.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, содироти маҳсулоти меваю сабзавот нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2019 ба миқдори 24219 тонна ва ба маблағи 3,8 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳанда натиҷаи рушди боғу токпарварӣ дар мамлакат ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Содироти маъданҳо ва консентратҳо ба миқдори 28604 тонна ва ба маблағи 58,0 миллион доллари амрикоӣ кам шудааст. Инчунин, содироти алюминий ба миқдори 126 тонна ва нархи он 11,1 миллион доллар кам гардида, нахи пахта ба миқдори 2196 тонна ва арзиши он ба маблағи 9,8 миллион доллари амрикоӣ коҳиш ёфтааст. Новобаста аз ифтитоҳи як қатор корхонаҳои нави истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ, дар ин давра содироти семент 668,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78,3 ҳазор тонна ва ба маблағи 6,5 миллион доллар кам аст, ки сабаби асосии чунин ҳолат паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва баста шудани сарҳадот арзёбӣ мегардад.
Аз ҳаҷми умумии содирот 21,3 фоиз ё 136,6 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 78,7 фоиз ё 504,1 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ҳаҷми асосии содироти мол бо давлатҳои Туркия 16,3 фоиз, Қазоқистон 13,3 фоиз, Афғонистон 6,2 фоиз, Ӯзбекистон 4,4 фоиз, Чин 2,7 фоиз, Россия 2,6 фоиз, Белгия 22,1 фоиз ва Италия 1,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2019 содироти мол ба кишварҳои Ӯзбекистон ба андозаи 55,2 милион доллар, Чин 10,5 миллион доллар, Эрон 7,3 миллион доллар ва Қазоқистон 6,6 миллион доллар коҳиш ёфта, ин нишондиҳанда бо кишвари Туркия 33,9 миллион доллар, Афғонистон 11,8 миллион доллар, Белгия 5,3 миллион доллар ва Италия 1,8 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти омори гумрукӣ, кам гардидани ҳаҷми содирот ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон асосан аз ҳисоби кам содир шудани маъданҳо ва консентратҳо буда, ба Чин ва Эрон аз ҳисоби коҳиш ёфтани содироти ресмони пахтагӣ ва нахи пахта мебошад.
АМИТ «Ховар»