Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Симо»-и «Телевизиони Тоҷикистон»

ТВТ. 13.06.2022. 13-уми июни соли 2022 дар "Телевизиони Тоҷикистон" бо иштироки Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва симо”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Нозим, директори "Телевизиони Тоҷикистон", раиси Ташкилоти ибтидоии «Симо» Раҳматулло Хайруллозода, муовинони директор, сармуҳаррирону мудирони шуъбаҳои телевизион ва дигар аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Симо”-и "Телевизиони Тоҷикистон" баргузор гардид.

Маҷлис асосан аз рӯи панҷ масъала сурат гирифт:

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Симо”-и “Телевизиони Тоҷикистон” дар давоми моҳи июни соли 2021 то давраи моҳи июни соли 2022

2. Интихоби раис ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Симо”

3. Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Симо”

4. Интихоби Комиссияҳои кор бо ҷавонону занон, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”

5. Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи солонаи раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Симо” дар “Телевизиони Тоҷикистон” Раҳматулло Хайруллозода шунида шуд. Хайруллозода доир ба дастовардҳои ташкилоти ҳизбӣ дар давоми як сол андешаронӣ карда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки Ташкилоти ибтидоии «Симо»-и Кумитаи иљроияи ибтидоии њизбии «Садо ва Симо»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми июни соли 2013 таъсис ёфтааст. Ташкилот аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш фаъолияти худро ҷиҳати татбиқ ва инъикоси амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ, дар самти баланд бардоштани эътибори ҳизб, вусъат бахшидан ба таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо таҳияи барномаҳои нишонрас корҳои мушаххасро ба анҷом расонид. То моҳи марти соли 2021 шумораи аъзоёни ҳизб 105 нафарро ташкил медод, имрӯз бошад шумораи аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Симо» 125 нафарро ташкил дода, 6-нафари дигар барои аъзогӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намудаанд. Аъзоён дар инъикоси сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат нақши фаъол доранд. Ҳамаи аъзоён дар «Телевизиони Тоҷикистон» шахсиятҳои огоҳу донишманд буда, барномаҳои ҷолиб ва гузоришҳои муҳимро аз ҷашнвораҳо ва чорабиниҳои давлатӣ таҳия ва ба бинандагон манзур менамоянд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзнома Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва симо”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Нозим баромад карда, фаъолияти раис ва котиби ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуданд ва бо ҳамовозию ҷонибдории ҳамаи иштироккунандагон Раҳматулло Хайруллозода-директори “Телевизиони Тоҷикистон” аз нав раиси ташкилот ва Маъруф Назарзода-сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии “Телевизиони Тоҷикистон” аз нав котиби ташкилот интихоб гардиданд. Ҳамчунин аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома ва бо ҳамовозии аъзоёни ҳизб Раҳмутулло Хайруллозода-директори “Телевизиони Тоҷикистон”, Амрохон Тоҷов-муовини якуми директори “Телевизиони Тоҷикистон”, Назира Сарфарозова-муовини директори “Телевизиони Тоҷикистон”, Маъруф Назарзода-сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии “Телевизиони Тоҷикистон”, Садриддин Охунов-сармуҳаррири идораи телефилм ва дублияжи “Телевизиони Тоҷикистон”, Дилбар Наҷмиддинзода-сармуҳаррири идораи барномаҳои рушди маҳал ва сайёҳӣ ва Зафар Қаюмов-сармуҳаррири идораи барномаҳои ҳуқуқ, амният ва мудофиа аъзои Раёсати Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Симо” дар “Телевизиони Тоҷикистон” интихоб гардиданд. Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома бошад, Дилбар Наҷмиддинзода-сармуҳаррири идораи барномаҳои рушди маҳал ва сайёҳӣ Раиси комиссияҳои кор бо ҷавонону занон интихоб карда шуд. Аз рӯи масъалаи панҷум, яъне интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раҳмутулло Хайруллозода-директори “Телевизиони Тоҷикистон”, Маъруф Назарзода-сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии “Телевизиони Тоҷикистон” ва Зафар Қаюмов-сармуҳаррири идораи барномаҳои ҳуқуқ, амният ва мудофиа ҳамчун вакил интихоб ва пешбарӣ гардиданд. Дар охири кори маҷлис таъкид карда шуд, ки ойиннома ва мақсаду ҳадафҳои ҳизбамон меҳвари барномаҳои "Телевизиони Тоҷикистон"-ро ташкил дода, барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳадафҳои созандаи ҳизб дар барномаҳо, тарғиби сиёсати муваффақи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи олам, кормандони "Телевизиони Тоҷикистон" кӯшишу талошҳои хастанопазир ба харҷ медиҳанд.

Котиби Ташкилоти

ибтидоии ҳизбии "Симо"-и

"Телевизиони Тоҷикистон"      Маъруф Назарзода

Tags: