Лату кӯб барои об. Авбошон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар ҷараёни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карданд, ки дар ҷараёни муноқишаи лафзӣ шаҳрванд Мавлуда Содиқова, фурӯшандаи обҳои ташнагишикани минералӣ бо пояи оҳанини чатри калон ба сару рӯи шаҳрванд Фарҳод Мирзоумаров якчанд маротиба зарба задааст. Аз ин ҳол гумонбаршаванда Фарҳод Мирзоумаров ба хашму ғазаб омада, баъди аз дасти духтар кашида гирифтани пояи оҳанин ӯро мавриди лату кӯби шадид қарор додааст. Дар натиҷа ҷавонзани 27-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ беҳуш шуда, ба замин афтодааст. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки 6 август дар якчанд сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати дар натиҷаи латукӯб ба замин афтода, хобидани як ҷавонзан инъикос ёфтааст.

Зимнан, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намудаанд, то ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуда, нисбат ба гумонбарон тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шаванд.

Вобаста ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин навор аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳои дахлдори фаврӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, сабабу омилҳои сар задани ин ҳодисаи нанговар муайян ва нафари гумонбар дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас гардид.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки санаи мазкур шаҳрванд Мирзоумаров Фарҳод Файзиддинович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Роҳатӣ ҳангоми қарордошт дар кӯчаи С. Вализодаи ноҳияи Шоҳмансур бо шаҳрванд Содиқова Мавлуда Фарҳодовна, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Болошаҳр, фурӯшандаи обҳои ташнагишикани минералӣ баҳсу муноқиша намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур айни ҳол нисбат ба дастгиршуда Фарҳод Мирзоумаров тибқи талаботи моддаи 237, қисми 3 (бо татбиқи ҳабси пешакӣ) ва нисбат ба ҷавонзан Мавлуда Содиқова тибқи талаботи моддаи 237 қисми 1 (бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: