Масъалаи омодасозии пешниҳоди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон барои шомил шудан ба феҳристи мероси ҷаҳонии табиӣ ва шабакаи ҷаҳонии мамнӯъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мудири минтақавии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Алмаато хонум Криста Пикат дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».
Мусоҳибон дар идомаи мулоқот ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ширкат ва ҷонибдории ЮНЕСКО дар таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон шудани соли 2025-ро Соли ҳифзи пиряхҳо баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ хонум Криста Пикат нақши Тоҷикистонро дар минтақа ва дар пешбурди масъалаҳои экологии фаромарзӣ муҳим арзёбӣ намуд.
АМИТ «Ховар»