Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода дар баробари собиқ президенти Кумитаи миллии олимпии Лубнон генерал Суҳайл Хурӣ ва президенти Кумитаи олимпии Непал Хон Ҷеван Рам Шрестҳа бо Ордени фахрии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) сарфароз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КМО Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Ассамблеяи генералии 40-уми ОСА, ки 21 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор шуд, ин сегона аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи президенти OCA Раҷа Рандҳир Сингҳ ва Вазири варзиши Аморати Муттаҳидаи Араб, доктор Аҳмад Абдулло Ҳумайд Абдулло Белҳул барои хизматҳои бебаҳояшон дар рушди варзиши қора қадрдонӣ шуданд.
Муҳаммадшо Абдуллозода аз соли 1993 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ҳайси тарҷумон (то соли 1998), сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (1998-2003), иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералӣ (2003-2005), Директори генералӣ (2005-2009), сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (2009-2013) ва Директори генералӣ (то январи 2017) кор кардааст. Дар Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2017 бо пешниҳоди Президенти Кумита муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии КМО Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар давраи фаъолият дар бисёр Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё роҳбари ҳайати олимпии Тоҷикистон буд, аз ҷумла, дар Бозиҳои олимпии солҳои 2008, 2012, 2016, ки варзишгарони мо сазовори медал шуданд.
Муҳаммадшо Абдуллозода ҳамчунин бо медали «Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардидааст.
АМИТ «Ховар»