Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ хостори тавсеаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии хавфҳои буҳронӣ гардиданд

Таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки  ҷаҳонӣ дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва коршиносони ин бонкКришнамурти Дамодаран ва Данило Куэроз дар Душанбе баррасӣ гардид.

Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи судманд  бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки рушди ҳамкорӣ дар самти идоракунии хавфҳо ва омодагии доимӣ ба ҳолатҳои буҳронӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои миллии суботи молиявӣ натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Зикр шуд, ки  идомаи корҳо оид ба таҳияи нақшаи фавқулодда ҷиҳати идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, фишангҳои сиёсати макропруденсиалӣ, аз қабили омӯзиш ва гузаронидани фишор-санҷишҳо ҷиҳати баҳодиҳии хавфҳо дар низоми бонкӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

Коршиноси Бонки ҷаҳонӣ Кришнамурти Дамодаран  дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аъзои Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар таҳияи дастури методӣ оид ба таҳлил ва пешгирии  хавфҳои буҳронӣ, бартарафсозӣ, идоракунӣ ва ҳалли онҳо изҳори ҳавасмандӣ намуд. Дар ин росто, коршиносони Бонки ҷаҳонӣ гузаронидани вохӯриҳо ва тақвияти ҳамкориро бо аъзои Шӯрои миллии суботи молиявӣ, аз ҷумла бо Бонки миллии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи он дар пешгирии хавфҳо ба низоми бонкӣ низ  зарур арзёбӣ намуданд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки Шӯро бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо доир ба коҳиш додани онҳо таъсис дода шуда, дар рушди иқтисодиёти мамлакат  бояд саҳмгузор бошад. Бинобар ин, иҷрои масъалаҳои дахлдори он, бахусус таҳияи нақшаи фавқулода саривақтӣ буда, иштироки аъзои Шӯро ва Гурӯҳи кории техникӣ дар раванди таҳияи он муҳим арзёбӣ мегардад.

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки буҳронҳои иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ бетаъсир намонданд.  Аз ин рӯ, аъзои Шӯрои миллии суботи молиявиро мебояд фаъолияташро дар ҳамоҳангии муштарак ба роҳ монда, баҳри таъмини фаврият дар амалисозии қарорҳои қабулгардидаи Шӯро бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ масъул бошанд.

Мавриди зикр аст, ки   коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи «Барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ» 2 сентябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, то 13 сентябр дар Душанбе мемонанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: