Кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеаи кишвар саҳми худро мегузоранд

Имрўз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ, кормандон, инчунин сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад доир гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо Нуралӣ Шоқурбонов иттилоъ дод, дар ҷамъомад муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода зикр кард, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ин тағйиру иловаҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода моҳияти тағйиру иловаҳои воридшударо ба қонуни мазкур шарҳ дода, оид ба аҳамият ва паҳлўҳои мухталифи тағйиру иловаҳои воридгардида сухан гуфт.

Tags: