Корманди «Телевизиони Тоҷикистон» ҷойи аввалро гирифт

Маъруф Назарзода, муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон» дар як озмун миёни журналистони тоҷик сазовори ҷойи аввал гардид.         
Чанде пеш бо максади ривоҷ додани фарҳанги пешгирӣ аз хушунату зўроварӣ дар оила бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Ташкилоти PDV (Пешгирии зўроварии хонаводагӣ) дар Тоҷикистон ва намояндагии СММ миёни журналистони тоҷик озмуни маводи беҳтарин дар бораи пешгирии хушунати хонаводагӣ баргузор гардид.
Озмуни мазкур тӯли 6 моҳ дар кишвар идома ёфта, дар таърихи 28-уми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Дар он роҳбарияти Кумитаи мазкур, гурўҳи калони рӯзноманигорони соҳаи матбуот, радио ва телевизион, инчунин намояндагони ниҳоди СММ ва Ташкилоти PDV (Пешгирии зўроварии хонаводагӣ) ширкат варзиданд. Дар соҳаи телевизион барои омода кардани беҳтарин барномаи телевизионӣ таҳти унвони "Хушунату зӯроварӣ - парешониву сарсонӣ" ҷойи аввал ба Маъруф Назарзода, муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон» лоиқ дониста шуд. Ҳамчунин, мақоми дуюму сеюм дар соҳаи радио низ насиби намояндагони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Нуқтаи қобили таваҷҷўҳ ин аст, ки ҳар се мақомоварони ин озмун, ки номи Кумитаро баланд бардоштанд, аз кормандони ҷавони Кумитаи мо ба ҳисоб мераванд. Ин омил дарак аз он медиҳад, ки тарбияи кадр ва дар ин росто таваҷҷўҳ ба истеъдоди ҷавонон дар Кумита ҷойгоҳи шоистае дошта, моро ба ояндаи нек ва шукуфои Кумитаи телевизион ва радио умедвор месозад. Дар айни ҳол, таваҷҷўҳ ба масъалаи хушунату зўроварӣ дар оила ва фарогир кардани  фарҳанги мубориза бо он, қадами устуворест дар роҳи татбиқи сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.   

Tags: