Дар Бадахшон наваскарон савганди садоқат ба Ватан ёд карданд

Сарбозони нав ба хизмат даъватшудаи  қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои садоқат ба халқу Ватан ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуданд.

Наваскарони қисми  ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  пайи сафороии расмӣ бо  хондани  Суруди миллӣ ба    савгандёдкунӣ  оғоз карданд. Дар маросими мазкур афсарону аскарони  ин қисми низомӣ ва волидон ширкат варзиданд.

Наваскарони  даъвати  тирамоҳӣ дар  фазои мутантан  барои  садоқат  ба  халқу  Ватан ва  риояи  оинномаи ҳарбӣ  савганд  ёд  намуданд.

Бояд  ёдовар  шуд, ки  дар  замони  сохибистиқлолии мамлакат дар  баробари  дигар  соҳаҳои  муҳими хоҷагии халқ  ҷузъу  томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, бахусус неруҳои марзбонӣ дар таъмини  амнияти марзи  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии  убури  ғайриқонунии марз  ва  ҷилавгирӣ  аз  қочоқи   маводи  мухаддир нақши муҳим  доранд.

Дар маросими савгандёдкунӣ ҳамчунин собиқадорони соҳаи низомию интизомӣ ширкат варзида, аз наваскарон даъват ба амал оварданд, ки дар таъмини ҳифзи сулҳу субот, амнияти миллӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатӣ тамоми донишу маҳорати  худро ба харҷ диҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба  хотири таъмини шароити маишии сарбозону  афсарон  талошҳои  зиёд ба  харҷ дода, ҳоло аксари дидбонгоҳҳои марзӣ бо биноҳои хуштарҳу зебо таъмин гардиданд. Афсарони  қисмҳои  ҳарбӣ миннатдории хешро  ба  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерали Артиш  Эмомалӣ Рахмон  ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баён  намуда, сарбозони қаториро ба  ифтихори  гиромидошти  маросими   савгандёдкунӣ табрик намуданд.

Барои хизматҳои  содиқона ва арзанда гурӯҳе аз афсарону аскарон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қадрдонӣ гардиданд. Пас аз маросими расмии савгандёдкунӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Хотирнишон бояд намуд, ки минтақаи Бадахшон бо  кишварҳои  Қирғизистону Чин ва  Афғонистон марзи  муштарак  дошта,  ҳифзи  марз  ба уҳдаи Қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии Ҷумхурии Тоҷикистон  вогузор шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: