Конфронс бахшида ба Рӯзи матбуот дар Конибодом

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи матбуот, ки 11 март таҷлил мешавад, таҳти унвони «Таърихи пурғановати рӯзномаи мо» конфронси адабӣ баргузор гардид. Дар ин бора Хадамоти матбуотии вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад дар конфронс сармуҳаррири рӯзномаи маҳаллии «Садои Конибодом» Абдусаттор Содиқов аз таърихи таъсиси рӯзнома ёдовар шуда, зикр намуд, ки ҳанӯз аз соли 1932 нахустин шумораҳои рӯзнома ба табъ расидаанд ва то имрӯз «Садои Конибодом» рисолати худ — инъикоси воқеии ҳаёти шаҳр ва мардуми онро иҷро намуда истодааст. Мавсуф иштирокдорони конфронсро бо шумораҳои солҳои аввали рӯзнома, ки дар бойгонии идораи рӯзнома нигоҳдорӣ шудаанд, шинос намуд.
«Дар конфронс омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ перомуни забон ва услуби баён, риояи ҳамаҷонибаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳангоми таҳияи мавод фикру андешаҳои худро баён доштанд»,- иттилоъ дод манбаъ.

Tags: