Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи «Гранд слам»-и Венгрия иштирок мекунанд

Танҳо ду паҳлавони шинохтаи тоҷик-Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков имкон пайдо намуданд, ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар Мусобиқаи байналмилалии Гранд слам  ё «Тоскулоҳи бузург»-и шаҳри Будапешти Венгрия намояндагӣ  кунанд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Мусобиқаи Гранд слами Венгрия  23-25 октябр дар шаҳри Будапешт баргузор мегардад.  Қаблан  сомонаҳои  варзишӣ хабар дода буданд, ки  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 5 нафар паҳлавонони шинохта- Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг)   ширкат мекунанд. Аммо Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводид дастрас кунанд, Беҳрӯзи Хоҷазода бо сабаби лат бардоштан наметавонад дар ин мусобиқа иштирок кунад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқаи Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 81 давлат   барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард. Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер баргузории мусобиқаи  Гранд сламро  рӯйдоди таърихӣ хондааст.

Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13  декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад.  Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: