КҲФ: Эҳтимоли яхбандӣ ва тармафароӣ ҳаст, эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар шаҳрвандони кишварро аз сардшавии ҳаво ва бориши шадиди барфу борон дар рӯзҳои 15 то 18 феврали соли ҷорӣ огоҳ кардаву мегӯяд аз сафар ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
«Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе
Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб эҳтимоли яхбандӣ ва дар минтақаҳои дигар ғарами барф ва хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад»,-иттилоъ дод манбаъ.
Кумита аз аҳолӣ хоҳиш кардааст то ҳадди имкон аз сафарҳо ба манотиқи хатарноки тармахезу яхӣ худдорӣ кунанд, муваққатан ба ҷамъоварии ҳезум ва шикор ҳам нараванд.
Кормандони Кумита ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш кардаанд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳову маҳалҳои кӯҳӣ ва ё маконҳои тармахез ҷиддан масофаи таъйиншуда миёни мошинҳои дар ҳоли ҳаракатро риоя намоянд.

Tags: