Ҳолати имрӯзаи тиҷорати электронии соҳаи кишоварзӣ ва рушди он дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Ҳолати имрӯзаи тиҷорати электронии соҳаи кишоварзӣ ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ имрӯз дар Вазорати кишоварзии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи баҳодиҳии Бонки ҷаҳонӣ масъалаи сертификаткунонӣ, банду баст, нишонагузории маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирӣ ниёз дошта, тиҷорати электронӣ имконият медиҳад, ки масъалаи мазкур ба таври систематикӣ давра ба давра ҳал шавад.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Чию Ниу зикр намуд, ки платформаи тиҷорати электронӣ ба кишоварзон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ имконият медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми мамлакатҳои олам муаррифӣ гардида, диққати харидорону сармоягузорони соҳа ба он ҷалб ва ба рушди минбаъдаи соҳа замина гузошта шавад.

Муовини Вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди кишвар барои ҳамкории муассир дар рушди бахши кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ҳамчунин барои таҳияи консепсияи лоиҳаи нав оид ба «Беҳтар намудани устувории бахши кишоварзии Тоҷикистон», ки ба баланд бардоштани устувории бахши кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пас аз пандемия нигаронида шудааст, изҳори миннатдорӣ намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: