Духтарони моҳпайкари тоҷик бо ҳунару маҳорат, малакаву истеъдоди табии худ ҳамчун офарандаи зебоиву латофат васф гардидаанд. Бонувони тоҷик дар ашъори шоирону орифон ҳамчун олиҳаи ҳусн тасвир мешаванд. Аз ин нуқтаи назар як мақоли халқӣ ба ёд меояд, ки чунин аст: «Зебоӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад».
Бахшида ба сазовор таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Литсей- интернати президентӣ озмуни «Симои духтари тоҷик»-ро баргузор намуд. Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои болоии литсейи мазкур иштирок намуда, аз рӯйи 6 шарт байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Баргузории чунин озмунҳо барои ба ҳаёти мустақилона омода гардидани духтарон мусоидат намуда, дар зеҳн ва тафаккури онҳо ҳисси зебоиро зиёд менамояд.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ба хотири болидахотирии меҳмонон ва ҳозирин аз ҷониби хонандагон барномаи фарҳангӣ, ки фарогирӣ сурудҳои ватандӯстӣ ва баҳору Наврӯз буд, намоиш дода шуд.
АМИТ /«Ховар»