«ҲАЁТ БЕ МАВОДИ НАШЪАДОР!»- таҳти ин шиор имрӯз дар Душанбе ҳамоиш баргузор мегардад

Шоми имрӯз дар майдони «800 солагии Москва»-и  шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар, ки ҳамасола  26 июн таҷлил карда мешавад,   барномаи  фарҳангию иттилоотӣ таҳти шиори «Ҳаёт бе маводи нашъадор!» баргузор мегардад.

Созмондиҳандагони чорабинии мазкур  Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҳамбастагӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошанд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Муассисаи мазкур иттилоъ доданд, дар чорабинии зикргардида байни иштирокдорон гузаронидани  озмуни расми беҳтарин ва радиовикторина дар назар аст, ки ғолибони он  бо мукофотҳо сарфароз  мегарданд. Ҳамчунин барои баландбардории сатҳи маълумотнокии аҳолӣ ба иштирокдорон маводҳои иттилоотӣ, ки аз ҷониби  мутахассисони марказ нашр гардидааст таксим карда мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ,  дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир,  Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ,  Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғуломов», Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии тиббию иҷтимоии «Тангаӣ» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» иштирок хоҳанд кард.

Ин чорабинӣ вобаста  ба тақвияти пешгирии нашъамандӣ, инчунин ба  баландбардории маърифатнокии аҳолӣ аз оқибатҳои бемории нашъамандӣ равона гардидааст.

Мавриди зикр аст,  ки истеъмоли маводи нашъаовар  яке аз мушкилоти аксари мамлакатҳои ҷаҳон  маҳсуб мешавад. Бахусус ин мушкилот солҳои охир ба туфайли як қатор омилҳои манфие, ки ба нашъаманд шудани наврасон оварда мерасонанд, дар мамлакати мо низ ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Бемории нашъамандӣ оқибатҳои ногуворо ба миён оварда, шахси мубталои ин беморӣ ба марги нобаҳангом дучор мегардад. Истеъмоли моддаҳои тиракунандаи асаб метавонанд ба насли  ояндаи миллат зарари  манфӣ расонанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: