Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ оид ба хусусияти мероси Имом Бухорӣ дар Ӯзбекистон иштирок менамояд

15 март ҳайати намояндагони Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони  «Хусусияти мероси  Имом Бухорӣ ва аҳамияти имрӯзаи танвирии он» бо даъвати расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар менамояд. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дод. 

Бино ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистон иборат аз 7 нафар  буда, ба он Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ шомил аст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2010 шаҳри Душанбе аз ҷониби  Созмони фарҳанг ва маорифи исломӣ (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардид ва дар он 12 марти соли 2010 ба муносибати 1200-солагии зодрӯзи Имом Бухорӣ зери унвони «Имом Бухорӣ ва илми ҳадис» ҳамоиш баргузор шуда буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: