Ҳайати Маҷлиси намояндагон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуд

ТВТ. 16.05.2022 . Субҳи имрӯз ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон парвоз намуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ  17-18 май  дар кори конференсияи 3-юми генералии Ассамблеяи Парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Боку мегузарад, иштирок менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки санадҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ассамблеяи Парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба имзо ва тасвибрасида, аз ҷумла Созишнома дар бораи тиҷорати транзитӣ, Созишнома дар бораи боркашонии транзитӣ дар минтақа ва Созишномаи тиҷоратии Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои рушди тиҷорат ҳамчун унсури асосии ҳамкории минтақавӣ дар кишвари мо ниҳоят муҳим арзёбӣ мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  ният дорад, ки дар оянда низ дар фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкории иқтисодӣ пурсамар иштирок намуда, сатҳу сифати ҳамкории бисёрҷонибаи худро баланд бардорад. Тоҷикистон мудом ҷонибдори тақвияти ҳамкории тиҷоратии минтақавӣ дар доираи  Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба манфиати шукуфоии мардумони кишварҳои аъзои Созмон мебошад.

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: