Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Яман интихоб шуд

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ҳайати дастаро барои бозӣ бо дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Яман интихоб кард. 23 март футболбозони кишварамон дар як бозии дӯстона бо тими мунтахаби Баҳрайн дар шаҳри Манама ва 28 март дар шаҳри Давҳаи Қатар дар аввалин вохӯрии расмии интихобии Ҷоми Осиё-2019, дар гурӯҳи «F» вориди майдон мешаванд.
Барои тайёрӣ ба ин вохӯриҳо 27 бозингар ба ҳайати даста даъват шудаанд, ки онро 4 дарвозабон, 8 муҳофизатгар 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ташкил медиҳанд. Дар ин қатор 7 легионер низ ҳузур доранд, ки инҳо Абдуазиз Маҳкамов (дарвозабон, «Алай»-и Қирғизистон), Давронҷон Эргашев (муҳофизатар, «Тараз»-и Қазоқистон), Искандар Ҷалилов (муҳофизатгар, «Дунав»-и Булғория), Парвизҷон Умарбоев (нимҳимоятгар, «Локомотив»- Пловдив, Булғория), Нозим Бобоҷонов (нимҳимоятгар, КФ «Баҳрайн»-и Бахрайн) ва Умедҷон Шарифов (нимҳимоятгар, «Машъал»-и Ӯзбекистон) мебошанд.
Имрӯзҳо дастаи мунтахаби кишварамон тамринҳои худро пеш аз бозӣ бо дастаҳои Баҳрайн ва Яман дар шаҳри Душанбе идома медиҳад ва 22 март тавассути Дубай ба шаҳри Манама мустақиман парвоз мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол:
Дарвозабонҳо: Абдуазиз Махкамов («Алай», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»);
Муҳофизатгарон: Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғория), Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нозим Бобоҷонов (СК «Баҳрайн», Баҳрайн), Умедҷон Шарифов («Машъал», Ӯзбекистон), Муҳсинҷон Парпиев («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Алиев, Ромиш Ҷалилов (ҳама аз «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Давронҷон Тӯхтасунов («Хуҷанд»).
Сармураббӣ Ҳаким Фузайлов.

Tags: