Ҳавопаймои мусофирбар дар Қазоқистон суқут кард

Ҳавопаймои ширкати ҳавоии Bek Air бо 95 мусофир, ки аз Алмаато ба Нур-Султон парвоз дошт, суқут кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Алмаато.

«Ҳавопаймои ширкати Bek Air дар берун аз фурудгоҳ суқут кард. Дар ҷойи ҳодиса хадамоти изтирорӣ кор бурда истодаанд, миёни мусофирон нафарони наҷотёфта низ ҳастанд», — гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуот.

Тибқи маълумоти пешакӣ, аз садама наҷотёфтагон низ ҳастанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳо ва видеоҳо аз ҷойи ҳодиса пайдо мешаванд. Аз рӯи аксҳо ҳавопаймо ба болои бино афтодааст.

Пас аз парвоз ҳавопаймо дигар ба баландӣ баромада  натавониста, девори бетониро шикаст ва ба бинои дуошёна бархӯрд. Ҳоло дар бораи ҳалокати ҳафт нафар маълумот ҳаст. Тавре РБК хабар медиҳад, дар ин бора аз вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Қазоқистон хабар додаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: